Тағйироти кадрӣ дар мақомоти қудратии Белорус
Президенти Белорус Александр Лукашенко раиси Кумитаи давлатии амнияти кишвараш Валерий Вакулчикро котиби Шӯрои амният таъйин кард. Иван Тертел, роҳбари Кумитаи давлатии назорат раиси нави Кумитаи амнияти Белорус таъйин шудааст. Дар ин бора хабаргузориҳои Белорус иттилоъ доданд. Ин дар ҳолест, ки буҳрони сиёсӣ дар он кишвар идома дорад. Буҳрон баъди он шуруъ шуд, ки мухолифон натиҷаҳои расмии интихоботи президентии рӯзи 9 августро напазируфтанд. Мухолифон истеъфои президент ва баргузории интихоботи навро талаб доранд. Читать дальше...