Садҳо яҳудии ҳасид бо сабаби карантин дар марзи Украина дармонданд
Садҳо яҳудиҳои ҳасиди муҳофизакор, ки ба шаҳри Умани Украина барои таҷлили Соли нави худ мерафтанд, дар минтақаи ҳоили марзи Беларус ва Украина дармонданд. Мақомоти украинӣ гуфтанд, ки бо сабаби коронавирус вуруд ба кишвар манъ аст ва беш аз 700 нафар маҷбур ҳастанд дар байни ду марз бимонанд. Таҷаммӯи ин мардум боиси баста шудани роҳи ҳаракати мошинҳои борбар аз хоки Беларус шудааст. Хабарнигорони бахши беларусии Радиои Озодӣ мегӯянд, ки кормандони созмони байналмилалии Салиби Сурх онҳоро бо ғизову об таъмин мекунанд. Украина бо сабаби эпидемияи коронавирус дар ин кишвар рӯзи 28-уми август марзашро барои хориҷиҳо баст. Вале яҳудиҳои ҳасид, ки ба таҷлили соли нав ваё “Рош ха Шана” омодагӣ мебинанд, умедворанд, ки билохира ба дохили шаҳри Уман роҳ меёбанд.
Уман макони дафни муассиси ҳаракати динии Ҳасидҳои Братслав – Реб Нахман аст. Ин рӯҳонӣ соли 1810 дар ин ҷо дафн шуда, ҳоло макони охирати ӯ ба зиёратгоҳи пайравони динаш табдил шудааст. Ҳамасола барои таҷлил соли нав ба Уман ҳазорҳо яҳудиҳои ҳасид мераванд. Соли ҷорӣ соли нави онҳо 18 то 20-уми сентябр таҷлил мешавад.