"Эсхата" баъди "Равшан" ба Лигаи олӣ роҳхат гирифт
Дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд ду давр пеш аз анҷоми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон соҳиби роҳхати дуюм ба лигаи олӣ дар мавсими соли 2021 гардид. Қаблан дастаи "Равшан"-и Кӯлоб ба лигаи олӣ роҳхат гирифта буд. “Эсхата” дар бозии мавқуфгузоштаи даври шонздаҳум дар майдони худ тими “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Голҳои Мубинҷон Муъминов, Боҳирҷон Сангинбоев ва Амирҷон Раҳимов ба «Эсхата» пирӯзӣ овард. Ҳамин тариқ, “Эсхата”, ки 43 имтиёз дорад ва дар ҷадвали мусобиқа мақоми дувумро касб намудааст... Читать дальше...