Дар изҳороти ҳизби мухолифи "Эрк"-и Узбекистон, ки рӯзи 9 август нашр шуд, омадааст, ки интихоботи пешорӯи президентӣ - "намоишкории навбатии гуруҳҳои сиёсӣ бо роҳбарии Шавкат Мирзиёев" аст.
Муҳаммад Солеҳ, роҳбари ҳизби "Эрк" дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки "ин бор ҳам "ҳизбҳои кисагӣ" номзадҳои худро ба мақоми президентӣ пешбарӣ карданд, тавре, ки дар замони Каримов ин корро мекарданд". Солеҳ шубҳа надорад, ки "ин бор ҳам номзадҳои кисагӣ овози худро ба президенти амалкунанда Мирзиёев хоҳанд дод, тавре, ки дар замони Каримов мекарданд". Читать дальше...