Гуруҳи Толибон пешниҳоди сулҳи Аҳмад Масъудро рад кард
Гурӯҳи тундрави Толибон, ки аз се ҳафта ба ин тараф назорати Кобулро дар даст дорад, пешниҳоди Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъудро рад кардааст. Аҳмад Масъуд рӯзи якшанбеи 5-уми сентябр гуфт, ки ба хотири сулҳ омодааст, ҷангро қатъ кунад. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ин гурӯҳ рӯзи якшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер фурсати гуфтугӯро аз даст додааст". Ӯ афзуд, "замони гуфтугӯ гузаштааст. Вақти он аст, ки чораҳои қотеона руи даст гирифта шавад. Намехоҳем... Читать дальше...