Чиниҳо корро дар кони Солтон-Сари Қирғизистон муваққатан қатъ карданд
Фаъолияти ширкати чинии "Zhong Ji Mining", ки мехост, дар кони Солтон-Сарии вилояти Норини Қирғизистон истихроҷи тиллоро ба роҳ монад, муваққатан қатъ шуд. Дар ин бора хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон бо истинод ба муовини аввали сарвазири ин кишвар Қубодбек Боронов хабар дод.
Тасмими қатъи фаъолияти ширкат дар асоси хулосаи Бозрасии давлатии бехатарии зистмуҳитӣ ва техникӣ гирифта шудааст. Боронов ҳамчунин афзуда, ки низоъ дар кони мазкурро ҳамаҷониба таҳқиқ хоҳанд кард. "Корро комиссияи махсуси байниидоравӣ пеш мебарад. Дар асоси хулосаи комиссия қарори дахлдор гирифта мешавад",-гуфтааст ӯ.
Дар натиҷаи занозание, ки 5-уми август миёни сокинони маҳаллӣ ва кормандони "Zhong Ji Mining" дар Солтон-Сарӣ рух дод, даҳҳо нафар захмӣ шуданд. Ба огаҳии Вазорати тандурустии Қирғизистон, 21 нафар ба беморхона интиқол дода шуданд, ки 20 танашон кормандони "Zhong ji Mining" ҳастанд.
Сафорати Чин дар Қирғизистон бо нашри як изҳорот гуфт, "низоъ дар кони Солтон-Сарӣ ба ширкат ва кормандонаш осеби бузурги иқтисодӣ ва ҷисмонӣ расонд". "Чин бо изҳори нигаронии шадид аз Қирғизистон талаб мекунад, ки ба осебдидагони чинӣ кумаки зарурии тиббӣ расонида, ҳодисаро таҳқиқ ва дастандаркоронро муҷозот кунад. Пекин аз ҳукумат ва ниҳодҳои дахлдори Қирғизистон қотеона талаб мекунад, ки барои ҳифзи ҳуқуқи қонуниву манфиатҳои ширкати чинӣ чораҳои заруриро биандешанд, амнияти шаҳрвандони Чинро таъмин ва аз сар задани ҳодисаҳои ҳамсон дар оянда пешгирӣ намоянд",-гуфтааст сафорат.
Ёдрас мешавем, 5-уми август ҳудуди 500 сокини маҳаллӣ дар кони Солтон-Сарӣ ҷамъ шуда, талаб карданд, ки ширкати чинӣ конро тарк кунад. Дар натиҷа миёни сокинон ва кормандони ширкат занозанӣ рух дод.
Ширкати Jhong ji Mining соли 2012 иҷозатномаи коркарди кони Солтон-Сариро дарёфт кардааст. Ширкат тасмим дорад, имсол дар кон корхонаи коркарди тиллоро бунёд кунад. Ҳаҷми захираи тиллои он 11 тонна арзёбӣ мешавад. Дар ширкат ҳудуди 160 сокини маҳаллӣ кор мекунанд.