Президент қонуни нави афвро эълон кард
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16-уми октябр тарҳи қонун "Дар бораи афв"-ро ба порлумон пешниҳод кард. Ин тарҳи қонун ба муносибати 25-умин солгарди қабули Қонуни Асосии Тоҷикистон ироа шудааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки "қонун дар бораи афв ба зиёда аз 20 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад". Ба гуфтаи манбаъ, фарқияти афви нав нисбат ба қонунҳои қаблӣ дар ин бора он аст, ки шумораи афвшавандаҳо зиёд мебошад.
Бар асоси тарҳи нави афв, зиёда аз ҳафт ҳазор нафар аз зиндонҳо озод гардида ва беш аз 5 ҳазор нафар аз ҷазоҳои дигари ғайризиндонӣ, муоф мешаванд. Инчунин мӯҳлати ҳабси як гурӯҳи зиндониён коҳиш дода мешавад. Аммо мақомот теъдоди онҳоро ошкор накарданд.
Инчунин мақомот мегӯянд, ки қонуни афв нисбати зиёда аз 2 ҳазор нафаре татбиқ мешавад, ки парвандаҳои онҳо дар баррасии мақомоти тафтишотӣ ё додгоҳҳо қарор доранд. Мувофиқи тарҳи нави тарҳ, занон, ноболиғон, мардони аз сини 55-сола боло, маъюбони гурӯҳи 1, 2, 3, гирифторони шуморе аз бемориҳо, аз ҷумла сил, аз зиндонҳо озод карда мешаванд.
Бар пояи ин тарҳ, ширкатдорони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои дигар ва шаҳрвандони хориҷӣ низ шомили афв мешаванд. Инчунин онҳое, ки аз беэҳтиётӣ даст ба ҷиноят задаанд, новобаста аз намуди ҷазо, аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд. Ҳамзамон, онҳое, ки бори аввал ҷиноятҳои на чандон сангин ва миёна содир кардаанд, шомили афв мешаванд.
Онҳое, ки бо иттиҳомҳои, ифротгароӣ, узвият дар гурӯҳҳои мамнӯъ, барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ зиндонӣ шудаанд, бар асоси қонуни афв озод намешаванд ва танҳо мӯҳлати адои ҷазояшон кам карда мешавад. Солҳои ахир бар асоси ин моддаҳо даҳҳо нафар дар Тоҷикистон ба зиндон рафтанд, ки дар миёнашон фаъолони гурӯҳҳои сиёсӣ низ буданд.
Ҳамзамон мӯҳлати адои ҷазои онҳое кам мешавад, ки бо ин иттиҳомҳо зиндонӣ шудаанд:
-- куштор, ба худкушӣ расондан, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, сироят кардан ба СПИД, одамрабоӣ, хариду фурӯши одамон, таҳқири оммавии президент ё тӯҳмат кардан ба ӯ, таҷовуз ба номус, ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ, терроризм, ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба лавозимоти ҷангӣ.
Охирин қонуни афв дар Тоҷикистон моҳи сентябри 2016 ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон қабул шуда буд, ки бар асоси он 12 ҳазор нафар маҳбусу афроди гумонбар ба содир кардани ҷиноятҳои мухталиф ба назди пайвандонашон баргаштанд.
Тибқи муқаррарот, "Қонуни афв" баъди баррасӣ ва тасвиб шуданаш дар порлумони Тоҷикистон бояд дар муддати ду моҳ амалӣ шавад.