Додгоҳи Душанбе шикояти Нилуфар Раҷабоваро рад кард
Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии Нилуфар Раҷабова, як сокини пойтахтро, ки барои пӯшидани сатр боздошт ва сипас барои "майдаавбошӣ" ҷарима шуда буд, бетағйир гузошт. Мурофиаи рӯзи 22-юми январ зери раёсати додрас Хуршед Азизматзода доир шуд. Ҷониби шикояткунанда дар ин қазия Раъно Абдуллоева дар мурофиа иштирок надоштааст.
Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт рӯзи 18-уми декабри соли гузашта Нилуфар Раҷабоваро бар асоси шикояти Раъно Абдуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Сино муҷозот кард.
Нилуфар Раҷабзодаро дар асоси моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне майдавбошӣ 550 сомонӣ ҷарима шуд. Вале ин зани ҷавон мегӯяд, ки гуноҳе надорад ва баръакс аз ҷониби пулис ва намояндаи Кумитаи занон боздошт ва азияту таҳқир шудааст.
Вазорати умури дохилӣ рузи 19-уми декабр бо нашри хабаре дар торнамояш навишт, парвандаи Нилуфар Раҷабова бар пояи шикояти "шаҳрванд Раъно Абдуллоева" барои "суханони қабеҳи таҳқиромез" ба додгоҳ ирсол шуд.
Ин вазорат гуфт, Нилуфар Раҷабова ба гуноҳаш пурра иқрор карда, ҷаримаро ихтиёран пардохтааст. Аммо ин зани ҷавон рӯзи 22-юми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст, чун ҷое кор намекунад ва нафақаи 540-сомоние, ки барои ду кӯдаки бемораш мегирад, ҳатто барои табобати онҳо кофӣ нест.
Нилуфар Раҷабова қаблан аз хушунат ва озор аз сӯи пулис ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят бурда буд. Аммо ӯ рӯзи 22-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то ҳанӯз нисбати ин шикояти ӯ аз сӯи мақомот чораандешӣ нашудааст. Ба ҷуз ин, ки ӯ як маротиба ба додситонӣ даъват ва дар бораи ин қазия бозпурсӣ шудааст.
Ҳафтаи пеш Нилуфар Раҷабова ҳамчунин ба унвонии Озода Раҳмон, раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон нома навишта, хостори мудохилаи ӯ дар ин қазия шуда буд.
Нилуфар Раҷабова духтари Раҳматулоҳи Раҷаб, яке аз 13 узви раёсати олии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аст, ки соли 2015 боздошт ва ба 28 соли зиндон маҳкум шуд.
Ин зани ҷавон дар ҳоле барои доштани рӯсарӣ ба идораи пулис бурда шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамеша вуҷуди ҳамагуна амалиёту боздошт барои пӯшидани сатрро рад мекунанд.