Сӯзишворӣ арзон шуд, вале нархи роҳкиро ба Суғд боло рафт. ВИДЕО
Бархе аз донишҷӯён шикоят доранд, ки нархи роҳкиро аз Душанбе ба Хуҷанд афзудааст. Ин дар ҳолест, ки ба далели арзоншавии нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳон рӯзи 1-уми май қимати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон низ ба таври қобили мулоҳиза пойин омадааст.