Эмомалӣ Раҳмон ба 13 нафар рутбаи генералӣ дод
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4-уми сентябр ба шуморе аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ мукофоти давлатӣ ва рутбаҳои низомӣ дод.
Ҳамасола дар остонаи Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун мукофоти давлатӣ супурда мешавад. Тоҷикистон 9-уми сентябр Рӯзи истиқлоли худро таҷлил мекунад.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 4-уми сентябр хабар дод, ки президент ба 13 нафар, аз ҷумла ба
1 нафар рутбаи махсуси генерал-полковники адлия,
1 нафар генерал-лейтенанти гвардия,
4 нафар генерал - майор,
1 нафар генерал-майори адлия,
2 нафар рутбаи дараҷавии мушовири давлатии адлияи дараҷаи III,
1 нафар генерал-майори милитсия,
3 нафар генерал - майори хадамоти гумрук додааст.
Ҳамчунин ба 54 тани дигар ордену медал ва ифтихорномаҳо дода шудааст.
Ҳанӯз номи афроде, ки ба онҳо ин рутбаҳо дода шудааст, эълон нашудааст. Аммо дар хабарномае, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар саҳифаи "Фейсбук"-и худ нашр кард, аксҳои раиси Додгоҳи олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир Шерхон Салимзода ва сардори Раёсати кофтубоби ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Шоҳрух Саидзода дида мешаванд. Ба иттилои дарёфтӣ, ба Шоҳрух Саидзода рутбаи полковники милитсия додаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро "арзишманд" гуфтааст. Раҳмон гуфтааст, аз 1-уми сентябри имсол маоши кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дигари низомӣ зиёд мешавад.