Суваналиев: Матраимов дар Қирғизистон мафия ташкил кардааст
Котиби пешини Шӯрои амнияти миллии Қирғизистон Омурбек Суваналиев 26 ноябр дар барномаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ ба суолҳо дар бораи таъсири собиқ мансабдори баландпояи гумрук Райимбек Матраимов ба ҳукуматдорони собиқ ва кунунии ин кишвар посух дод.
Вай гуфт, боздошти муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимовро бо собиқ президенти ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков баррасӣ карда буд.
"Вақте Содир Ҷабборов сари қудрат омад, гуфт, ки Матраимовро ҷазо хоҳад дод, вале гуфт, ки ин кор мушкил аст. Матраимов 90 дарсади мансабдоронро харидааст. Дар миёни ин афрод на танҳо вазирон, балки муовинони онҳо ва бачаҳо аз Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон низ ҳастанд. Одамони Матраимов дар ҳамаи ҷо, дар ниҳодҳои қудратӣ ва ҳатто миёни рӯзноманигорон низ ҳастанд. Матраимов дар Қирғизистон сохтори мафиявӣ ташкил кардааст", - изҳор дошт ӯ.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки президенти ояндаи Қирғизистон мубориза бо ин сохторро идома хоҳад дод, зеро заминаи он аллакай гузошта шудааст. "Ҷомеа" ва созмонҳои байналмилалӣ низ медонанд, ки дар Қирғизистон мафия вуҷуд дорад", - афзуд ӯ.
Номи Райимбек Матраимов, ки бо лақаби "Раим миллион" низ маъруф аст, дар силсилаи таҳқиқоти рӯзноманигории бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP ва Kloop низ зикр шудааст.
Бино бар он, хонаводаи Матраимовҳо дар чанд соли охир зиёда аз 700 миллион долларро "ғайриқонунӣ" аз Қирғизистон ба хориҷ бурдаанд.
Баъд аз нашри силсилаи таҳқиқоти рӯзноманигорӣ, Райимбек Матраимов, бародараш, вакили порулмон Искандар Матраимов ва бунёди хайрияи “Исмоил Ата” ба зидди Радиои Озодӣ, хабарнигор Алӣ Токтакунов ва сомонаи Kloop ба додгоҳ шикоят карданд. Искандар Матраимов гуфта буд, ки таҳқиқот бо ҳадафи беобрӯ кардани онҳо нашр шудааст.