Олимаро "барои ҷанг дар Афғонистон" зиндонӣ карданд. Худаш гуноҳро напазируфт. ВИДЕО
Додгоҳи шаҳри Ваҳдат як зани 31-соларо бо гуноҳи ширкат дар ҷангҳои “бегона” ба зиндон маҳкум кард. Мақомот гуфтанд, Олима Камолова дар минтақаи зери нуфузи ДОИШ дар Афғонистон “ҷангидааст”. Камолова дар додгоҳ ба бегуноҳияш пофишорӣ кард ва гуфт, ҳеч гоҳ дар ҳайати гуруҳҳои тундрав “наҷангидааст”.