Олимаро барои ҷанг дар Афғонистон 12 сол зиндонӣ карданд
![Олимаро барои ҷанг дар Афғонистон 12 сол зиндонӣ карданд](https://gdb.rferl.org/dc1682da-a053-4140-bfb5-f6314577ce86_tv_w800_h450.jpg)
Додгоҳи шаҳри Ваҳдат як ҷавонзани 31-соларо бо ҷурми ширкат дар ҷангҳои бегона ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Мақомот Олима Камоловаро ба он айбдор мекунанд, ки ба Афғонистон рафта, дар минтақаи таҳти нуфузи ДОИШ ҷангидааст.