"Толибон" як паноҳҷӯро дар марзи Тоҷикистон ба қатл расонданд
![](https://gdb.rferl.org/39d6816b-3be8-4e43-9415-40070532394b_w800_h450.jpg)
Манбаъҳои Озодӣ аз Ишкошими Афғонистон хабар доданд, ки "Толибон" як паноҳҷӯро, ки мехост ба ҳудуди Тоҷикистон гузарад, ба қатл расонда, як нафари дигарро бо номи Ҳоҷӣ Бобо бо худ бурдаанд. Намояндаи "Толибон" ё мақомоти дигари вилояти Бадахшони Афғонистон барои шарҳи ин хабар дастрас нашудаанд.