Эмомалӣ Раҳмон 21 декабр паёми солона ироа мекунад
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабр дар ҷаласаи муштараки ҳар ду палатаи порлумон, паёми солонаи худро ироа мекунад. Ба иттилои Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ, дар ин бора қарори Маҷлиси миллӣ дар бораи даъвати ҷаласаи якҷояи шашуми ҳар ду палатаи порлумон, рузи 6-уми декабр ба тасвиб расидааст.
Ҳамасола раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба ҳарду палатаи порлумони кишвар ҳадафҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати давлати Тоҷикистонро шарҳ медиҳад.
Маъмулан дар пайи ироаи паёми солонаи президент, гурӯҳҳои вижа таъсис дода мешаванд, ки нуктаҳои суханронии Эмомалӣ Раҳмонро ба мардум шарҳ медиҳанд. Ба гуфтаи коршиносон, баъди паём баъзе аз ислоҳот сурат мегирад, вале дар умум авзоъ ба таври чашмрас тағйир намекунад.