Бритониё маъшуқаи Путинро таҳрим кард
Расонаҳо хабар додаанд, ки Бритониёи Кабир як маъшуқаи Владимир Путин, президенти Русияро, таҳрим кардааст.
Бахши русии Радиои Озодӣ аз нақли расонаҳои мустақил навиштааст, ки ба истилоҳ "маъшуқаи Путин ва модари фарзанди ғайришаръии ӯ Светлана Кривоногих, мавриди таҳрими Британия қарор гирифтааст.
Расонае бо номи "Проект" таъкид мекунад, ки хонум Кривоногих яке аз саҳҳомони бонки "РОССИЯ" мебошад. Ҳамин манбаъ Кривоногихро дӯсти дерини Путин ва модари як духтаре меномад, ки аз Путин ба дунё овардааст.
Чанде пеш собиқ ҳамсари Путин Людмила Очеретная ва варзишгари собиқ Алина Кабаева, ки ба навиштаи расонаҳои ғарбӣ бо Путин иртибот доранд, мавриди таҳрими кишварҳои ғарбӣ қарор гирифта буданд.
Ҳукумати Британия мегӯяд, афроди таҳримшуда, бар ивази сарват ва вазифаҳои баланд ба Путин дар тавсеаи нуфузаш кумак кардаанд.
Бахши русии Радиои Озодӣ аз нақли расонаҳои мустақил навиштааст, ки ба истилоҳ "маъшуқаи Путин ва модари фарзанди ғайришаръии ӯ Светлана Кривоногих, мавриди таҳрими Британия қарор гирифтааст."