Қарори бастани Радиои Озодӣ дар Қирғизистон бекор шуд
Додгоҳи шаҳри Бишкек созиши оштӣ миёни "Азаттик Медиа" - бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизстонро тасвиб кард. Бар асоси қарор, ҳамаи баҳсҳои додгоҳӣ қатъ шуда, сомонаҳои басташудаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ дастрас мегарданд.