Туркманҳо дар пайи камбуди ғизо эътироз карданд
Рӯзи 7-уми август садҳо сокини шаҳри Туркманбошии Туркманистон дар пайи камбуди ғизо эътироз карданд.
Субҳи рӯзи душанбе садҳо тан аз сокинон, асосан занон, пушти дари ҳукумати шаҳри Туркманбошӣ ҷамъ шуданд. Онҳо аз камчинии орду равған дар мағозаҳои давлатӣ аз моҳи феврал ба ин тараф шикоят ва талаб карданд, ки ҳокими шаҳр ба наздашон барояд.
Дар шароити буҳрони ғизоӣ дар Туркманистон бисёре аз сокинон аз маҳсулоте вобастагӣ доранд, ки дар мағозаҳои давлатӣ фурӯхта мешаванд ва қиматашон нисбати маҳсулоти бозор арзонтар аст.
Дар ниҳоят ҳокими шаҳр ба назди эътирозгарон баромада, талоши ором кардани онҳоро кардааст. Вай ваъда додааст, ки ин мушкилро ҳал хоҳад кард.
Баъди ин ваъдаи ҳоким эътирозгарон пароканда шудаанд.