Путин хост, сиёсати муҳоҷират дар Русия "аз реша дигар шавад"
Президенти Русия баъди бештар аз даҳ рӯзи ҳамлаи маргбор дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав гуфт, сиёсати муҳоҷират дар кишвараш бояд "аз реша дигар шавад". Владимир Путин рӯзи 2-юми апрел ба ниҳодҳои масъули давлатӣ супориш дод, ки сари ин масъала кор кунанд.