ФСБ-и Русия муҳри махфиро аз парвандаи адмирал Колчак бардошт
Сокини Санкт-Петербурги Русия Дмитрий Остряков муваффақ шуд, ки "муҳри махфӣ" аз парвандаи ҷиноии бойгонӣ нисбати армирал Александр Колчак бардошта шавад. Аммо сандаҳоро ба ӯ нишон надоданд. Мақомот гуфтанд, Колчак, ки аз тарафи болшевикҳо бидуни мурофиа кушта шуд, ҳанӯз "сафед" нашудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" рӯзи 21 март гузориш дод. Қаблан Остряков ба Додситони кулл муроҷиат кард ва аз ин ниҳод хост ба қарори Хадамоти федеролии амният, ки "реабилитатсияи адмирал Колчак"-ро рад кардааст, баҳо диҳад. Читать дальше...