65 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон дар "рӯйхати сиёҳ"-и Русия ҳастанд
![65 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон дар](https://gdb.rferl.org/96F990C2-A03C-48E0-B97A-2181AF13B16A_cx0_cy16_cw0_w800_h450.jpg)
Хадамоти муҳоҷирати Қирғизистон мегӯяд, 64 ҳазору 792 шаҳрванди ин кишвар дар "рӯйхати сиёҳ"-и Русия қарор доранд. Ба иттилои хадамот, моҳи майи соли равон 999 шаҳрванди Қирғизистон афв ва аз рӯйхат берун карда шудаанд.
Бар асоси қонунгузории Русия, ба "рӯйхати сиёҳ" онҳое ворид мешаванд, ки бидуни иҷозат зиндагӣ ё кор мекунанд ва ҳамчунин қоидаҳои дигари будубош дар Русияро риоя нахоҳанд кард. Ин гуна муҳоҷирон аз Русия ихроҷ шуда, ҳаққи вуруд ба он кишварро ба муҳлати 5 сол надоранд.
Пештар сафири Қирғизистон дар Москва Аликбек Ҷекшенқулов гуфта буд, ки дар Русия 1,2 миллион қирғизистонӣ ба сар мебаранд.