Маросими бузургдошти хотири қурбониҳои ҳукумати сталинӣ дар Маскав
![Маросими бузургдошти хотири қурбониҳои ҳукумати сталинӣ дар Маскав](https://gdb.rferl.org/9FA64EB1-16C9-4FF4-8839-9C2436253FA7_cx0_cy4_cw0_w800_h450.jpg)
Дар шаҳри Маскав рӯзи 29 октябр маросими бузургдошти хотири ҳазорҳо қурбонии даврони “Террори азим”-и таҳти раҳбарии Иосиф Сталин баргузор шуд. Рӯзи душанбе ҳазорҳо нафар дар назди муҷассамаи “Соловетский камен” ҳозир шуданд, то ки дар маъракаи бо номи “Номҳои баргашта” иштирок кунанд. Ширкатдорони маросим – хешу табор, фаъолони ҳуқуқ ва дигарҳо - исм, синну сол, ҷои кор ва таърихи тахминан 40 ҳазор сокини дар даврони сталинӣ кушташудаи Маскавро ба забон оварданд. Бар тибқи бархе ҳисобҳо, дар солҳои 1937-38 беш аз 1 миллион шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравӣ кушта шудааст. Созмони “Мемориал” аз соли 2006 ба ин сӯ ин маросимро дар маконе баргузор мекунад, ки аз он ҷо КГБ ва ҳоло – ФСБ ё Хадамоти амнияти федеролиро хуб дидан мумкин аст. Ин маконро бо номи майдони Люблянка ҳам мешиносанд. Соли ҷорӣ мақомот нахуст нахостанд иҷозати баргузории ин маросимро бо баҳонаи баргузории корҳои сохтмон иҷозат диҳанд, вале эътирозу интиқоди зиёд боис шуд, ки ҳамоиш билохира баргузор шавад.