Бердимуҳаммадов барои "саҳмаш" дар рушди ВАО ҷоиза гирифт
Маҷмаи умумии Иттиҳоди нашароти Осиёи ва Уқёнуси ором (ABU) ба президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои саҳмаш дар рушди матбуот ҷоиза дод. Нишасти ин созмон рӯзи 4 октябр дар Ишқобод баргузор шуд. Ба иттилои хабаргузории расмии Туркманистон, ҷоиза ба Бердимуҳаммадов пас аз мулоқоти ӯ бо дабири кулли ABU Ҷавод Моттагӣ, президенти кунунии ABU, дабири кулли телевизиони давлатии "Дурдаршан"-и Ҳиндустон Суприя Саху, муовини президенти ABU ва президенти иттиҳодияи нашароти Ҷопон (NHK) Риоичи Уэд тақдим шудааст. Читать дальше...