Оғози мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё байни дастаҳои мунтахаби занона дар Душанбе
Шоми панҷшанбеи 23-юми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби миллии футболи занона дар гурӯҳи «В» оғоз ёфт. Ба гурӯҳи "В" дастаҳои мунтахаби Ветнам, Тоҷикистон ва Молдив, ба гурӯҳи “С” тимҳои миллии Индонезия ва Сингапур шомиланд. Дар бозии даври аввал мунтахаби Ветнам ба дарвозаи дастаи Молдив шонздаҳ голи беҷавоб зад. Мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро рӯзи якшанбеи 26 сентябр бо тими Молдив ва бозии дувумашро рӯзи чоршанбеи 29 сентябр бо дастаи Ветнам анҷом медиҳад. Читать дальше...