Чанд муҳоҷири тоҷик дар Русия сурхакон шудаанд
Идораи беҳдоштии Русия гуфтааст, чанд муҳоҷири тоҷик дар Санкт-Петербург ба бемории сурхакон гирифтор шудаанд. Ба қавли ниҳоди мазкур, дар ин шаҳр 11 гирифтори бемории сурхакон ошкор гардидааст, ки ду бемор аз Тоҷикистон ворид шудаанд. Ҳафт бемор кӯдакон будаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳам охири моҳи январ аз интиқоли ҷасади як ноболиғе хабар дод, ки аз бемории сурхакон дар вилояти Ленинград ҷон дод. Ба иттилои сафорат, навраси тоҷик рӯзи 25-уми январ дар пайи гирифторӣ ба ин беморӣ фавтида буд. Читать дальше...