Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон мегӯяд, бино ба маълумоти пешакӣ, марде, ки дар натиҷаи тирпаронӣ ба як микроавтобус, бо рақамҳои қирғизӣ, дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон захмӣ шуд, шаҳрванди Русия аст.
Ба маълумоти вазорат, ин мард ҳоло дар бемористон бистарӣ буда, ҳамлагарон пулу ҷавоҳирот ва сандаҳои ӯро дуздиданд.
Дар вилояти Оқтеппа 6 апрел афроди номаълум ба микроавтобусе бо рақамҳои қирғизӣ ҳамла карданд, ки дар деҳаи Акшат истода буд. Ба гуфтаи ВКД Қирғизистон, он замон худи ронанда дар дохили нақлиёт ҳузур надошт. Читать дальше...