Сенаторҳо аз бонкҳо хостанд, ки ҳисобҳои олигархҳои рус ошкор кунанд
Намояндагони ҳизби Демократи Амрико дар Сенат аз бонкҳои бузурги байналмилалӣ талаб карданад, ки маълумот дар бораи ҳисобҳои шаҳрвандони Русияро, ки номашон ба "гузориши Кремл" - рӯйхати афроди наздик ба президент Путин ворид шудааст, ошкор кунанд. Нома ба ин мазмун аз номи сенаторҳо Ҷин Шаҳин ва Шелдон Уайтҳаус ба се бонки бузурги амрикоӣ ва панҷ бонки аврупоӣ ирсол шуд. Дар ин бора Reuters рӯзи 25 апрел бо такя ба ин санад гузориш дод. Нома ба Bank of America, JPMorgan Chase Citibank, Deutsche Bank ва бокҳои дигар фиристода шуд. Читать дальше...